4 Декабр 2023 - 16:49
Таъкиди вазири Ҷаҳоди кишоварзии Эрон ва вазири бозаргонии Қазоқистон бар афзоиши ҳамкориҳои иқтисодии дукишвар

Вазири Ҷаҳоди кишоварзии Эрон ва вазири бозаргонии Қазоқистон дидор ، ва бар афзоиши ҳамкориҳои иқтисодии дукишвар таъкид карданд.

Нӯздаҳумин Иҷлоси камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ - тиҷории Эрон ва  Қазоқистон,  дар Теҳрон баргузор шуд.

" Муҳамадалӣ Некбахт " вазири Ҷаҳоди кишоварзии Эрон ва " Жумангарин " муовини нахусти вазир ва  вазири бозаргонии Қазоқистон дар нӯздаҳумин Иҷлоси камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ - тиҷорӣ,  бар афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ - тиҷории ду кишвар ва  таҳаққуқи ҳадафгузории се миллиард долларии мубодилоти тиҷорӣ таъкид карданд.

Ҳадафгузори  шудааст, ки мубодилоти тиҷории дукишвар ба 3 миллиард доллар бирасад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва  Симо, Некбахт вазири Ҷаҳоди кишоварзӣ гуфт : Дар соли 1402 ин дуюмин камиссиюни муштараки ҳамкории иқтисодии дукишвар буд, ки баргузор шуд, ки нишон аз аҳамияте дорад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон барои густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа ва ба вижаи ҳамсоя қоил аст.

Жумангарин муовини нахустазир ва вазири бозаргонии Қазоқистон, ҳам зимни ишора ба дидораш бо бозаргонон эронӣ гуфт : Дукишвар Эрон ва Қазоқистони зарфиятҳои густардае барои ҳамкорӣ бо якдигар доранд .

342/